Дар ноҳияи Рашт ҷашни Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кишоварзону сокинони ноҳияи Рашт иди Меҳргонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд, зеро ин иди ҳосилот буда, ҳанӯз аҷдодони мо дар замонҳои гузашта онро бо шодию нишот ва бо нияти фаровонҳосилӣ ҷашн мегирифтаанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Зимни ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки “Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза гардид. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат ва фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос дар сар то сари давлати соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум ва ҳосилзамкунӣ мебошад».
Дар ҷамъомад хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшту шир, меваҷот, сабзавот, асал, мураббо ва шарбату нӯшокиҳои ташнагишиканро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин дар анҷоми ҳамоиш санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертӣ хотири сокинонро болида гардониданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»