Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
29–30 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои муштараки Шурои сарони маъмурияти алоқаи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, Шурои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иттилоотонӣ ва Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ оид ба рушд барои минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласаҳо иштироки роҳбарони мақомоти давлатии соҳаи алоқаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, намояндагони воломақоми мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ ва директори Бюрои рушди алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ дар назар дошта шудааст.
Зимни ҷаласаҳо масъалаҳои стратегии рушди зерсохтори муосири телекоммуникатсионӣ, суръатбахшии рақамикунонӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва устувории шабакаҳои алоқа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин иштирокчиён самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ ва таҷрибаи кишварҳоро дар рушди ҷомеаи рақамӣ мубодила менамоянд.
Ин ҷаласаҳо марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа мебошанд, ки моҳи ноябри соли 2026 баргузор мешаванд. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин нишастҳои минтақавӣ дар самти рушди алоқа, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»