Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад
17-18 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали бошукӯҳи фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 бо мақсади таҳкими ҳамкории фарҳангии дуҷониба, бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг баргузор мешавад.
Дар фестивал тамошобини тоҷик имконият пайдо мекунад, ки дар муҳити воқеӣ бо фарҳангу анъанаҳои Корея шинос шавад.
Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор шудаанд. Маҳз натиҷаи сиёсати дурандешона ва некбинонаи роҳбарияти олии ҳарду давлат буд, ки мардумони ду мамлакат якдигарро ба ҳайси дӯсти боэътимод ва шарики нек дарёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, хосса соҳаи фарҳанг ва илму маориф муносибатҳои мутақобили судмандро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон дар роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошта қадамҳои устувор мениҳанд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»