October 16

Заминларза дар ҳудуди мамлакат

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 15 октябри соли 2024, соати 12:01 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 358 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 7 километр ҷанубу-шарқ аз кӯли Сарез буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл ва дар ҳудуди кӯли Сарез 2 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.


Манбаъ: Сомонаи КҲФ Тоҷикистон