May 4

DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд

1-3 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2026 оид ба ҷудо баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин мусобиқа 240 варзишгар аз 34 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 40 ҷудочӣ намояндагӣ карданд.

Варзишгарони Тоҷикистон дар маҷмуъ ба гирифтани 4 медал (3 тилло ва 1 биринҷӣ) ноил гардиданд.

Дар рӯзи якуми рақобатҳо паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг соҳиби медали тилло гардид. Ӯ дар роҳи финал бар намояндагони Узбекистон, Озарбойҷон ва Федератсияи Русия пирӯз шуда, дар рақобати ҳалкунанда бар Азизбек Ортиқов (Узбекистон) дастболо шуд.

Ҳамчунин Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Лоиқ Қутбуддинов дар мубориза барои ҷойи сеюм бар намояндаи Фаронса Максим Мерлин ғолиб омад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёи тоҷик боз ду медали тилло ба даст оварданд.

Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг бо пирӯзӣ бар рақибонаш аз Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Узбекистон ва Озарбойҷон ба финал роҳ ёфта, дар он бар намояндаи Русия Карен Галстиан ғолиб омада, соҳиби нишони тилло гардид.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг низ ба гирифтани медали тилло ноил шуд. Сомон дар финал бар намояндаи Австрия Бернд Фашинг пирӯз гардид.

Пас аз анҷоми мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи шумораи медалҳо дар ҷойи дувум қарор гирифт.

Дар рӯзи ниҳоии мусобиқа варзишгарони дигари кишвар дар вазнҳои 90 кг, 100 кг ва +100 кг ҳунарнамоӣ намуда, ба гирифтани медал муваффақ нашуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ҷудочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 бо ба даст овардани 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) байни 27 кишвари иштирокчӣ ҷойи аввалро ишғол намуда буданд, ки ин натиҷа яке аз беҳтарин дастовардҳо дар таърихи ҷудои миллӣ маҳсуб мешавад.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»