October 8

Ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ниёзманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, шакар, биринҷ, равған ва макарон дастрас карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни тақсими кумакҳои Пешвои миллат сокинон ба Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин ғамхорӣ миннатдорӣ баён намуданд, зеро дар пеш фасли зимистон буда, ин кумак хеле саривақтӣ мебошад. Кумаки навбатӣ ба гурӯҳи осебпазири шаҳри Хоруғ тақсим карда шуд. Миқдори муайяни озуқаворӣ таҳти роҳбарии аъзои комиссияи давлатию вилоятӣ ба ноҳияҳои Роштқалъаву Ишкошим фиристонида шуд.

Намояндагони Ҳукумати мамлакат ҳангоми тақсими кумаки Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста кумакҳои моддиву иҷтимоӣ ва молиявӣ расонида мешаванд. Сокинони ниёзманди вилоят таъкид намуданд, ки мардуми Бадахшон ҷонибдори ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ин иқдомро сокинони вилоят ҷонибдорӣ намуда, онро натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба гурӯҳи ниёзманди аҳолии шаҳру ноҳияҳои дурдаст арзёбӣ намуданд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»