October 17
Тоҷикистон ва Амрико масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаро матраҳ намуданд
16 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла натиҷаҳои нишасти вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби С5+1 (ш. Ню-Йорк, 27 сентябри 2024), баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»