Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян карда, барои рушди самтҳои гуногун тамоми имконоти мавҷударо сафарбар менамоянд.
Дар ин раванд имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосса ва ғамхории пайвастаи роҳбарияти олии давлат ба соҳаи технологияҳои муосир, рушди сармояи инсонӣ, қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ва рақамисозии соҳаҳои ҳаёти мардум мебошад.
Фармони мазкур идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гузариши босуръати иқтисодиёти ҷаҳон ба низоми рақамӣ ин иқдоми Пешвои миллат заминаи устувори ҳуқуқию молиявиро барои таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар фароҳам оварда, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ низоми ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро ба таври намоён тағйир медиҳад.
Фармон ҳадаф дорад, ки бо ҷалби кадрҳои баландихтисос ба хизмати давлатӣ рақобатпазирии бахши давлатиро дар бозори меҳнат таъмин намояд. Ин санад на танҳо масъалаи ҳавасмандгардонии моддӣ, балки суръат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, дастгирии омӯзгорони фанҳои рақамӣ, кафолати амнияти иттилоот ва соҳибихтиёрии технологии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави рушд фаро мегирад.
Бо қабули санади мазкур низоми нави ҳавасмандгардонӣ ҷорӣ мегардад, ки он на танҳо ба собиқаи корӣ, балки бевосита ба салоҳияти касбӣ ва сертификатсияи байналмилалии корманд вобастагӣ дорад. Ин иқдом барои ташкили ҳукумати электронӣ ва таъмини амнияти иттилооти кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»