October 21

Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар Душанбе баландтарин торт бо нақшу нигори миллӣ омода гардид

Қаннодони Федератсияи ҷаҳонии тарабхонаҳои варзишӣ WFRS аз Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе калонтарин тортро бо вазна 200 кило ва баландии 2 метр тайёр намуданд. Ин ширинӣ аз ҷониби Агентии раддабандии авруосиёии ERA ҳамчун баландтарин ширинии қаннодӣ сабт шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дорданд.

Ширинӣ бо нишонаҳои нақшу нигори миллӣ- акси Қалъаи Ҳисор, меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ва пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ омода гардида, пешниҳоди иштирокчиён ва меҳмонон ҷашни миллии Меҳргон гардонида шуд.

Қаннод аз Тоҷикистон Юлдузхон Фармонова, ки дар омода намудани ин ширинӣ саҳм гузоштааст, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «ин маҳсулоти қаннодӣ аз чанд қабат иборат аст. Пояи мураббаъ бо паҳнои 1,1 метр бо 20 ҳайкалчаи бо намуди қаланфур сохташуда, ки дар шакли маконҳои дидании Тоҷикистон буданд, оро дода шуд. Ба болои он ду ошёнаи дигари мудаввар бо нақшҳои миллӣ ва шакли тарбуз, харбуза, ангур ва меваҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд».

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, барои ин ширинии калонҳаҷм 160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд (барои зефир) сарф шуд.

Ин ширинӣ ба Рӯзи ҷаҳонии ошпазон ва ҷашни миллии кишоварзии Тоҷикистон — Меҳргон, ки ҳарду 20 октябр таҷлил гардиданд, бахшида шуд.

Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин дар Иди Меҳргон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат гӯшаи сайёҳӣ ташкил карда шуд. Дар он имконоти сайёҳии аграрӣ, сайёҳии табобатӣ, солимгардонӣ ва сайёҳии кӯҳнавардӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла муаррифии хӯрокҳои миллӣ, фарҳанги қадимии халқи тоҷик ва меҳмоннавозию меҳмондории тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муносиб мегузорад.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»