October 21

«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмати ройгон расонида шуд

Аз 16 то 18 октябр дар доираи «Корвони саломатӣ» аз ҷониби табибони ҷумҳуриявӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, табибони давоми се рӯз сокинони ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, шаҳри Левакант ва дигар ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоятро дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар қабул намуда, ба таври ройгон аз ташхис гузарониданд.

Зимни ин чорабинии солимгардонӣ гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо табибони вилоят 2 ҳазору 967 нафар сокинони вилоятро ба таври ройгон ташхису муоина намуданд. Инчунин дар доираи «Корвони саломатӣ» мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Маркази бемориҳои онкологӣ 9 ҷарроҳӣ, аз ҷумла 7 ҷарроҳии калон ва 2 ҷарроҳии хурд анҷом доданд.

Ҳадафи иқдоми «Корвони саломатӣ»-дастрас намудани хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Он барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ бобати ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»