Yesterday

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ёддошти тафоҳум зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Мансурбек Оллоёров ба имзо расонида шуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мутахассисони ду давлат дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи сиёсати созандаи сарони ду мамлакат амалӣ мегардад.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»