Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
17 сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол–2026» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамзамон дарёфти мутахассисони болаёқат аз 30 апрели соли 2026 то 31 июли соли 2026 эълон гардида буд.
Озмун нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ баргузор шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани нуфузи касбии табибон, ҳавасмандгардонии онҳо дар самти боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муаррифии дастовардҳои табибони кишвар ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустии мамлакат мебошад.
Дар озмун 2226 нафар табибон аз гӯшаву канори мамлакат ба қайд гирифта шуданд. Озмун аз рӯи 35 номинатсия эълон гардида, тамоми самтҳои асосии фаъолияти тиббӣ, аз ихтисосҳои терапевтӣ ва клиникӣ то ҷарроҳӣ, ташхис, озмоишгоҳ ва дигар самтҳоро фаро гирифт.
Ғолибони озмун бо назардошти сатҳи касбият, таҷриба, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ интихоб гардида, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»