September 18

Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд

Дар доираи чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон дар шаҳри Масқат баргузор гардид, намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва муаррифӣ карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, намоишгоҳи мазкур аз ҷониби ҳайати Ҳукумати Салтанати Умон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва захираҳои оби Салтанати Умон доктор Сауд ибни Ҳамуд ибни Аҳмад Ал-Ҳабсӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода расман ифтитоҳ гардид.

Дар намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳӣ меҳмонон бо намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон шинос карда шуданд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни тармеваҳои Тоҷикистон, аз қабили ангур, нок, хурмо, шафтолу, лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин хушкмева, анвои кулчаву нонҳои миллӣ, либосҳои суннатии тоҷикӣ ва намунаҳои санъати тасвирӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳамчунин китобҳо, маҷаллаҳо ва маводи иттилоотию сайёҳӣ оид ба Тоҷикистон, инчунин китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд.

Намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёни чорабинӣ қарор гирифта, барои шиносоии онҳо бо таъриху фарҳанги бостонӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ташкили чунин намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар доираи чорабиниҳои дипломатӣ ба муаррифии шоистаи Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сайёҳӣ, инчунин таҳкими робитаҳои Сафорат бо мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ ва доираҳои гуногуни кишвари иқомат мусоидат менамояд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»