October 23

Машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду

22-юми октябри соли 2026 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Насруллоев Саидасрор, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Ёвон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду дастгир гардид.
Номбурда бо дуохонӣ ба об, чой, намак ва собун гӯё мушкилоти корафтодагонро осон ва бартараф мекардааст.
Насруллоев Саидасрор барои анҷом додани ин хизматрасониҳои мардумфиребона аз муроҷиаткунандагон 300 сомонӣ ҳаққи хизмат талаб намуда, ба даст овардааст.
Кирдори номбурда бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд дониста шуда, нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.


Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон