Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар медиҳад.
Иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ дар ноҳия гувоҳи он аст, ки ҷавонони ноҳия барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ изҳори омодагӣ намуда, ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузоштаанд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллиро хуб дарк карда, сабақи далерию шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»