April 10

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 18 апрел дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ниммарафони XVI байналмилалӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе доир шуда, дар он варзишгарони тоҷик ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст. Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Мусобиқаи байналмилалӣ бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодию иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафони Душанбе инчунин дигар мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву оммавӣ ва озмунҳо баргузор карда мешаванд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»