Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
11 ва 12 июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 июл дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон, дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ баргузор мешаванд.
Ҳамчунин 12 июл дар Боғи «Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ва дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав доир мегардад.
Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз наздик шинос шаванд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ низ пешниҳод мегардад.
Ҳунармандон бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ, саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ фазои идонаро хотирмон мегардонанд.
Ин чорабинии фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»