Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Италия зимни вохӯрии Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо роҳбарияти Институти байтории Италия масъалаи идомаи ҳамкории техникӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лабораторияҳои институт мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки ташкили чунин омӯзишҳо барои таҳкими иқтидори ташхисии лабораторияҳои Тоҷикистон ва татбиқи талаботи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Роҳбарияти институт низ барои ҳамкории мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби мутахассисони тоҷик ба чорабиниҳои омӯзишӣ изҳори сипос намуда, барои идомаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Мусоҳибон инчунин масъалаи Аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мутобиқ намудани низоми идоракунии сифат, ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани салоҳияти кормандон ва гузаронидани санҷишҳои лабораториро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, идомаи омӯзиши мутахассисон, табодули таҷриба ва дастгирии раванди аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»