Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт татбиқ мегардад. Он марҳалаи навро дар рушди энергетикаи «сабз» ва инфрасохтори муосири мамлакат оғоз мебахшад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина 13 январ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ» Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ду неругоҳи бузурги фотоэлектрикиро бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт ва бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки неругоҳи барқи офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо чунин иқтидори бузург амалӣ гардида, намунаи равшани гузариш ба истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия арзёбӣ мегардад.
Татбиқи лоиҳа дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид ва чорабиниҳои давлатии марбут ба рушди энергетикаи «сабз» амалӣ карда мешавад.
Неругоҳҳои офтобӣ ба тақвияти истиқлолияти энергетикии мамлакат, коҳиши норасоии мавсимии неруи барқ, хусусан дар фасли зимистон, сабук намудани сарбории низоми энергетикӣ ва таъмини устувори аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бо неруи барқ мусоидат менамоянд.
Дар доираи лоиҳа сармоягузор уҳдадор мешавад, ки корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани неругоҳҳои офтобиро давоми соли 2026 ба анҷом расонад.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 250 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин лоиҳа рамзи қадами ҷиддии Тоҷикистон ба сӯи энергетикаи «сабз», иқтисоди устувор ва ояндаи аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»