Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
19-20 сентябри соли 2026 шаҳри Душанбе бори дуюм пайиҳам мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мешавад. Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо беҳтарин самбочиёни ҷаҳон дар се самт — самбои варзишӣ, самбои размӣ ва самбо барои нобиноён (SVI1) барои медалҳо мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки соли 2025 низ Душанбе мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо буд. Мусобиқа дар пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуда, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Варзишгарон дар 14 вазн байни мардону занон дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат карданд. Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои соли 2025 самбочиён аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Русия, Беларус, Булғористон ва Маҷористон иштирок карданд.
Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо яке аз мусобиқаҳои муҳими тақвими байналмилалии ин риштаи варзиш ба ҳисоб меравад. Соли 2025 варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи бонуфуз соҳиби 9 медал гардиданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»