Обу ҳаво дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти борон ва ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17º гарм, рӯзона 28+30º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Рашт – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 22+24º гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо боришоти сусти борон ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 19+24º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд. - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд. - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 15+20º гарм мешавад.
ш.Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19º гарм, рӯзона 29+31º гарм мешавад.
ш.Кӯлоб – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19º гарм, рӯзона 28+30º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 20+25º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ. - Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 21+23º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб. - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришоти сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º хунук, рӯзона 10+12º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Дарвоз – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришоти сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17º гарм, рӯзона 25+27º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 7+12º гарм мешавад.
Манбаъ: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон