Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 12 январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳо муайян ва қадршиносӣ гардиданд.
Дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Деваштич, дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ сазовори ҷойи якум гардиданд. Инчунин дар номинатсияи «Деҳоти беҳтарин» ҷойи якум ба Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ва дар номинатсияи «Шаҳраки беҳтарин» ҷойи якум ба шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дода шуд.
Гуфта шуд, ки сокинони вилояти Суғд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар татбиқи ҳадафҳои давлату ҳукумати мамлакат саҳми назаррас гузошта, дар ободонию созандагӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»