Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад, ки он нахустин неругоҳи шамолӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Татбиқи ин лоиҳаҳо қадами муҳим дар роҳи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва дастгирии аҳолии минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» амалӣ гардида истодааст, дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоб 22 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 13 мегаватт сохта шудаанд.
Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар арафаи ин иди бузурги миллӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтааст боз 7 неругоҳи нави офтобиро бо иқтидори умумии 540 киловатт ба истифода диҳад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»