Yesterday

Ҷинояти одамкушӣ ошкор гардид

13-уми июли соли 2026, Басиров Икром Эмомалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, бо ҳамсояаш Султонхоҷазода Гулрухсор, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, муноқиша намуда, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар заминаи хусумат, дар ҳолати мастӣ аз болои девор ба саҳни ҳавлии номбурда гузашта, бо истифода аз корд ба қисматҳои гуногуни бадани Султонхоҷазода Гулрухсор 16 маротиба зарба задааст.

Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардошта, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Восеъ Басиров Икром Эмомалиевич ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Далели шайъӣ корди олудаи хун дарёфт ва мусодира гардид.

Аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон