October 14

Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии боз 72 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ин давра дар вилоят 276 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 360 миллион сомонӣ бунёд шуда, 906 муассиса ба маблағи 120 миллион сомонӣ таъмиру барқарор гардидааст. Танҳо дар доираи нақшаи бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят ба маблағи беш аз 216 миллион сомонӣ 58 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар дуюним соли охир барои сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят беш аз 49 миллион сомонӣ, аз ҷумла 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ сол аз сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба 140 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 25 фоиз зиёд мебошад.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин муассисаҳо ба маблағи 103 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд. Муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин мебошанд. Танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харидорӣ ва дастрас карда шуд», — иброз намуданд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон афзуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии мамлакат 1293 нафар ҷавонони вилоят, аз ҷумла 445 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуданд, ки ин барои бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти расмӣ, шмораи аҳолии вилоят давоми 33 соли истиқлол аз 172 ҳазор то ба 234 ҳазор нафар расида, 36,2 фоиз зиёд шудааст. Дарозумрии аҳолии вилоят дар ин давра аз 69,6 соли соли 1991 то 79 сол дар соли 2022 расида, яъне 9,4 сол баланд гардидааст.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»