April 14, 2025
Хонандаи тоҷик ғолиби Ҷоми Осиё оид ба таэквондо ITF гардид
Хонандаи тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба таэквондо ITF, ки дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар он хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 — и ба номи Бозор Собири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Алиҷон Мансуров ғолиб шуда, савзовори медали тилло гардид.
Мусобиқа аз 8 то 13 апрели соли 2025 бо иштироки зиёда аз 800 варзишгар аз 28 давлат баргузор гардид.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»