May 1

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як моҳ 93,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 87,4 фоиз баробар аст. 11 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи даъватро пурра иҷро намудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 85,7 фоиз иҷро шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»