Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар ноҳияи Карминаи вилояти Навоии Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронии «Роҳи абрешим – 2026» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа дастаҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ ҳайати дастаи мунтахаби мотосиклчиёни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок намуда, Қурбонмурод Ҷураев мақоми якум ва Анвар Бурҳонов ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар рушд додани ин намуди варзиш дар Муасиссаи давлатии «Мададгори мудофиа»–и вазорат нақшаи баргузории машқу тамринҳои мотосиклронӣ барои варзишгарон тасдиқ гардидааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сафи варзишгарони умедбахш ва муваффақ аз намуди варзиши мотосиклронӣ солҳои охир бештар мегардад. Онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, номи Тоҷикистон ва парчами мамлакатро бо ифтихори бузург баланд мебардоранд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»