Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
Аз 14 то 20 март дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин намоишҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешаванд.
Намоишҳо дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино ва дар назди боғи «Куруши Кабир» бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.
Дар намоишҳо асосан маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, мева, тухм, биринҷ, равған, маҳсулоти ширӣ ва дигар маҳсулот бо нархҳои дастрас пешниҳод мегарданд.
Ин намоишҳо аз ҷониби Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»