Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
Дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ доир гардид, ки дар он варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев ғолиби мусобиқаи Гран-при шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа маротибаи сеюм баргузор шуда, дар он 400 паҳлавон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Англия, Тайпейи Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Беларус, Туркия ва Русия иштирок намуданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кг дар риштаи гӯштини тарзи озод ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ду паҳлавони дигар – Исмоил Картоев дар вазни 97 кг медали нуқра ва Сомонҷон Икромов дар вазни 86 кг медали биринҷиро ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»