June 9

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанҳои математика ва информатика сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиада аз 1 то 7 июн дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, дар он наврасон аз 10 давлати ҷаҳон байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.

Дар ин олимпиадаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат намояндагӣ карда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.

Ин дастоварди назаррас гувоҳи сатҳи баланди дониш, истеъдод ва омодагии хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро дар мамлакат ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040 дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидаанд.

Маҳз ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёдтар иштирок менамоянд.

Ин дастовард нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар мегардад. Хонандагони тоҷик бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё оид ба фанҳои табиӣ-риёзӣ рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»