«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 20 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) дар шаҳри Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвора то 15 сентябр идома меёбад. Коргардонҳо, продюсерҳо, филмсозон, киностудияҳо ва муассисаҳои эҷодии соҳаи синамо метавонанд дар ин муддат дархост пешниҳод намоянд.
Синамоҷоизаи миллӣ бо мақсади дастгирии филмсозони ватанӣ, муаррифии дастовардҳои синамои тоҷик ва рушди минбаъдаи соҳа баргузор мегардад.
Ҳадафи баргузории ҷашнвора муаррифии фарҳанг ва санъати миллии тоҷик, тарғиби дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кино, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сулҳпарвару фарҳангии мамлакат ва маркази муҳими муколамаи тамаддунҳо дар доираи ташаббуси «Душанбе–шаҳри сулҳ ва тамаддуни ориё» дар соли 2026 мебошад.
Ҷашнвора ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангию маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги ғании тоҷикон тавассути санъати кино мусоидат менамояд.
Синамоҷашнвораи миллӣ дар доираи татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» баргузор шуда, ба рушди синамои миллӣ, дастгирии синамогарони ҷавон, таблиғи беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик, таҳкими ҳамкории эҷодӣ ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангию маънавии мардум мусоидат мекунад.
Ғолибони сеюмин синамоҷоизаи миллӣ аз рӯи номинатсияҳои «Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик», «Шоҳҷоиза», «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон», «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» ва «Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин» муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои иштирок кардан филмҳои бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва истеҳсоли муштарак иҷозат дода шудаанд. Ба синамоҷашнвораи миллӣ филмҳое, ки солҳои 2024–2025 офарида ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, қабул карда мешаванд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»