January 29, 2025

Чӣ тавр бояд роҳи Биҳиштро пайдо кард

Биҳишти ваъдашуда дар куҷо хоҳад буд?

Дар сураи 21 «ал-Анбиё» («Пайғамбарон») дар ояти 105 навишта шудааст: «Ва дар Забур пас аз панд навиштаем, ки бандагони солеҳи Ман вориси замин хоҳанд шуд».

Сураи 39, аз-Зумар, оятҳои 73 ва 74-ро муқоиса кунед.

Бале, садсолаҳо пештар дар Забур 37:29 гуфта шуда буд, ки биҳишти ваъдашуда дар рӯи замин хоҳад буд. Дар он гуфта шудааст: «Росткорон соҳиби замин мешаванд Ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд».

ЗИНДАГИ ДАР БИҲИШТ

Гузашта аз ин, Навиштаҳои Муқаддас ба мо нақл мекунанд, ки зиндагӣ дар Биҳишт чӣ гуна хоҳад буд.

• Одамон ва ҳайвонҳо дар осоиштагӣ зиндагӣ хоҳанд кард:

«Дар он вақт гургу барра бо ҳам хоҳанд буд Ва паланг бо бузғола хоҳад хобид, Гӯсолаву шеру чорпои парворӣ якҷо хоҳанд буд Ва писари хурдакаке онҳоро ҳар сӯ хоҳад бурд» (Ишаъё 11:6).
«Гургу барра якҷоя хоҳанд чарид, Шер мисли буққа коҳ хоҳад хӯрд Ва хӯроки мор хок хоҳад буд. Онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси ман бадие нахоҳанд кард ва зараре нахоҳанд расонд», — мегӯяд Яҳува» (Ишаъё 65:25)

• Ҷангҳо ва зӯроварӣ дигар нахоҳад буд:

«Он гоҳ онҳо аз шамшерҳои худ позаҳо Ва аз найзаҳои худ каҷкордҳо месозанд. Халқе бар халқе шамшер на мекашад Ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд» (Ишаъё 2:4)
«Ӯ ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад, Камонро шикаста, найзаро пора месозад Ва аробаҳои ҷангиро оташ мезанад» (Забур 46:9).

• Инсоният дар муҳаббат муттаҳид хоҳад шуд:

«Ҳар кӣ дӯст намедорад, Худоро нашинохтааст, зеро Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8).

• Барои ҳамаи одамон ғизои фаровон ва манзили хубе хоҳад буд:

«Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард, Токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд... Ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд» (Ишаъё 65:21, 22).
«Замин ҳосили худро хоҳад дод, Худованд, Худоямон, моро баракат хоҳад дод» (Забур 67:6).
«Дасти худро мекушоӣ Ва ҳар ҷони зиндаро бо чизи дилхоҳаш сер мекунӣ» (Забур 145:16).

• Дигар беморӣ ва марг нахоҳад буд:

«Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:4).

• Мурдагон эҳё мешаванд:

«Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое, ки дар қабранд, овози ӯро мешунаванд ва берун меоянд» (Юҳанно 5:28, 29).

ОЁ ДАР КИТОБИ МУҚАДДАС Тағйирот ворид шудааст?

Худои Мутаъол ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳад.

Қуръони карим мефармояд: «Ҳеҷ каломи Худо тағйирдиҳандае нест!» (Сураи 6, «ал-Анъом» [«Чорпоён»], ояти 34).

Дар Китоби Муқаддас ҳам чунин гуфта шудааст: «Алаф хушк мешавад Ва гул пажмурда мегардад, Вале каломи Худои мо то абад мемонад» (Ишаъё 40:8).

Баъзеҳо кӯшиш карданд, ки Каломи Худоро тағир диҳанд, вале онҳо натавонистанд. Масалан, дар Номаи 1-уми Юҳанно, дар боби 5, ояти 7, як маротиба чунин калимаҳо илова шудаанд: «Дар осмон: Падар, Калом ва Рӯҳулқудс; ва ин се як аст».

Ин калимаҳо дар ягон дастнависи қадимаи Библия дида намешаванд; онҳо баъдтар илова карда шуданд, токи таълимоти бардурӯғи Сегонаро дастгирӣ кунанд. Аммо, олимон медонанд, ки ин калимаҳо дурӯғанд ва дар тарҷумаҳои ҳозираи Библия ин хел калимаҳоро нест мекунанд.

Имрӯз дар осорхонаҳо дастнависҳои зиёди Китоби Муқаддасро дидан мумкин аст, ки аз Қуръон аз чаҳор то панҷ аср калонтаранд. Вақте ки Библияи бо чунин дастнависҳои қадима муқоиса карда мешавад, маълум мегардад, ки матни имрӯза аз он чизе, ки Худо ба бандагонаш дар замонҳои қадим илҳом дода буд, фарқ надорад.

Муқоиса кунед: Сураи 10, Юнус (ъ), ояти 94: «Агар дар шубҳа бошед. Он чи бар ту ваҳй кардаем, пас аз касоне, ки пеш аз ту китоб мехонанд, бипурс».

ЧИРО ШУМО ДАР БОРАИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОЯД ДОНЕД.

• Худо Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Қодири Мутлақ аст

«Бишнав, эй Исроил: Яҳува Худои мост ва Яҳува яктост» (Такрори Шариат 6:4)
«Яҳува, Подшоҳи Исроил ва Товондеҳи ӯ, Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман аввалину охирин ҳастам, Ғайр аз ман Худое нест» (Ишаъё 44:6).

• Гумон кардан ғайриимкон аст, ки Худо бо зане барои соҳиби писарон шудан издивоҷ кардааст.

«Чашмаи ҳаёт бо туст, Ин нури ту аст, ки мо нурро мебинем» (Забур 36:9)
«Вақте ситорагони субҳ якҷоя нидоҳои шодӣ мебароварданд Ва ҳама писарони Худо аз шодӣ фарёд мезаданд?» (Айюб 38:7)
«Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буд» (Луқо 3:38)
«Яҳува Худо одамро аз хоки замин офарид ва ба биниаш нафаси ҳаёт дамид ва одам ҷони зинда шуд» (Ҳастӣ 2:7).

• Китоби Муқаддас парастиши ҳар як шахс ё ашёро (аз ҷумла бутҳо ва ҳайкалҳои кандакорӣ) сахт маҳкум мекунад. Танҳо Худоро ибодат кардан лозим аст.

«Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз ман дур шав, эй Шайтон! Навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро бипараст ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор”» (Матто 4:10)
«Барои худ ҳеҷ гуна бутҳои бекора, сурате ва сутуне насозед ва дар замини худ ҳайкалҳо барои парастиш нагузоред, зеро ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам» (Ибодат 26:1)
«Бутҳои онҳо нуқраву тиллоянд, Онҳо амали дасти одамонанд. Даҳон доранд, вале гап намезананд, Чашм доранд, вале намебинанд, Гӯш доранд, вале намешунаванд, Бинӣ доранд, вале намебӯянд, Даст доранд, вале чизеро даст-даст намекунанд, По доранд, вале роҳ намегарданд, Аз гулӯяшон овозе намебарояд. Созандагонашон мисли худашон мегарданд, Ҳама касоне, ки ба онҳо такя мекунанд, монанди онҳо мешаванд» (Забур 115:4-8).

• Худо Худованди тамоми инсоният аст ва Каломи Ӯ барои ҳамаи одамон, чӣ мардон ва чӣ занон, навишта шудааст.

«Ҳамаи халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли ту баракат меёбанд, чунки ту ба гапи ман гӯш додӣ» (Ҳастӣ 22:18)
«Ин дар назари Наҷотбахшамон Худо хуб ва писандида аст, зеро ӯ мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд ва дар бораи ростӣ дониши хуб гиранд» (1 Тимотиюс 2:4)
«Хулоса, ҳар яки шумо бояд зани худро мисли худ дӯст доред ва зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад» (Эфсӯсиён 5:33).

• Барои ба Биҳишти ваъдакардаи Худо буданамон аслу милатамон кадомааст, ё дине, ки волидонамон ба мо мерос гузоштаанд аз ин вобаста нест.

«Он гоҳ Петрус суханашро сар карда гуфт: «Акнун ман фаҳмидам, ки Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (Аъмол 10:34, 35)
«Баъд аз ин ман нигоҳ кардам ва дар пеши тахт ва Барра мардуми сершумореро дидам, ки аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо буданд ва онҳоро ҳеҷ кас ҳисоб карда наметавонист. Онҳо дар тан либосҳои дарози сафед ва дар даст шохаҳои нахл доштанд ва бо овози баланд чунин хитоб мекарданд: «Наҷот аз ҷониби Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз ҷониби Барра аст!» (Ваҳй 7:9, 10).

• Китоби Муқаддас фикр карданро ташвиқ мекунад ва ба нодонӣ муқобилат мекунад

«Агар сӯйи хирад гӯш ба қимор бошӣ Ва дилатро сӯйи рамузфаҳмӣ моил кунӣ, Агар фаҳмишро садо кунӣ Ва рамузфаҳмиро фарёд намоӣ, Агар онро мисли нуқра ҷустуҷӯ намоӣ Ва мисли ганҷҳои ниҳон кофтуков кунӣ, Он гоҳ ба тарси Яҳува сарфаҳм меравӣ Ва дониши Худоро ба даст меорӣ, Зеро хирадро Яҳува медиҳад, Ва донишу рамузфаҳмӣ аз даҳони ӯст (Масалҳо 2:3–6)
«Эй Яҳува, маро таълим деҳ, ки аз рӯйи дастурҳоят зиндагӣ кунам Ва ман то охир онҳоро ба ҷо хоҳам овард. Маро фаҳм бахш, то шариати туро риоя кунам Ва онро бо тамоми дил нигоҳ дорам» (Забур 119:33, 34).

МО ДАР остонаи БИХИШТИ ХУДО ИСТОДАЕМ - ИНРО АЗ КУЧО МЕДОНЕМ?

Танҳо Худо ояндаро медонад ва дар Каломи худ ӯ баъзе воқеаҳоро пешгӯӣ кардааст, ки бояд аломати наздик будани Биҳишт дида шавад. Инҳоянд чанде аз ин рӯйдодҳо:

• Ҷангҳо, заминҷунбӣ, эпидемияҳо ва гуруснагӣ

"Баъд аз ин ӯ ба онҳо гуфт: «Он вақт як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад, заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву вабоҳо сар мезананд, ҳамчунин ҳодисаҳои пурдаҳшат рӯй дода, аз осмон аломатҳои бузург намудор мешаванд" (Луқо 21:10, 11).

• Беқонунӣ

«Аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мегардад» (Матто 24:12).

• Худпарастӣ, беитоатӣ ба волидон, риёкории динӣ

«Аммо инро бидон, ки дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд, зеро одамон худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд, куфргӯ, беитоат ба падару модар, кӯрнамак, бевафо, бемеҳр, номуросо, туҳматзан, бепарҳез, ваҳшӣ, душмани некӣ, хиёнаткор, саркаш ва мағрур мешаванд, дӯстдори айшу ишрат мешаванд, на дӯстдори Худо ва худотарс тобанд ҳам, дар асл чунин нахоҳанд буд. Аз чунин касон дурӣ ҷӯй» (2 Тимотиюс 3:1-5).

Оё шумо мебинед, ки ин пешгӯиҳо имрӯз иҷро мешаванд?

АГАР МО ДАР БИХИШТИ ХУДО ЗИНДАГИ КАРДАНРО ХОҲЕМ, ЧИ КОР БОЯД КУНЕМ?

Мо бояд ҳақиқати Каломи Худоро донем, зеро дониш бо ганҷҳои пинҳон шуда муқоиса карда мешавад

«Агар онро мисли нуқра ҷустуҷӯ намоӣ Ва мисли ганҷҳои ниҳон кофтуков кунӣ, Он гоҳ ба тарси Яҳува сарфаҳм меравӣ Ва дониши Худоро ба даст меорӣ...» (Масалҳо 2:4,5).

Илова бар ин, он чизеро, ки меомӯзем, дар ҳаёт татбиқ кардан лозим аст, зеро Офаридгор фармудааст: «Ин роҳ аст, бо он бирав»

«Агар аз роҳ ба тарафи рост ё чап дур шавед, аз қафои худ хоҳед шунид: «Роҳ ин аст. Бо он биравед» (Ишаъё 30:21).

Агар маълумоти бештарро фаҳмидан хоҳед, то инро аз курси интерактивӣ ки бе пул аст ва «То абад зинда бошед!» ном дорад фаҳмидан мумкин аст!

Шумо метавонед мустақилона се дарси муқаддимавии ин курсро хонед ё омӯзиши ройгони Китоби Муқаддасро фармоиш диҳед. Дарсҳои Китоби Муқаддас бо назардошти шароити шумо ба нақша гирифта мешаванд ва дар вақти бароятон мувофиқ ва дар шакли мувофиқ (шахсан ё тавассути видео) гузаронида мешаванд.

Як дарс метавонад аз 10 дақиқа то як соат ё бештар аз он давом кунад (вобаста ба хоҳишҳои шумо). Дар охири омӯзиш ягон имтиҳон ё ӯҳдадорӣ вуҷуд надорад. Дастур 60 дарсро дар бар мегирад ва шумо метавонед мавзӯъеро, ки ба шумо маъқул аст, интихоб кунед.

Ин курси ҷолиб ва интерактивӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки чӣ гуна ҳикмати Библияро барои пурра лаззат бурдан аз ҳаёт истифода баред!